Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бабанов дубора ба ҳукумати Қирғизистон баргашт


Омурбек Бабанов
Омурбек Бабанов
Ноиби сарвазири Қирғизистон Омурбек Бабанов имрӯз баъди соф шуданаш аз иттиҳоми фасод дубора сари кор баргашт. Бабанов як моҳ қабл муваққатан канор рафт, то куммиссиюни парлумон иттиҳомот дар мавриди ба фасод даст доштани ӯро таҳқиқ кунад. Ин таҳқиқот замоне оғоз шуд, ки собиқ додситони кулл Қувватбек Байболов дар бораи вуҷуди шавоҳиди дар фасоди молӣ даст доштани Бабанов сӯҳбат кард. Аммо ин куммиссиюн дирӯз эълон кард, ки даъвоҳои Байболов собит нашуд. Байболов аммо мегӯяд, бо арзёбиҳои куммиссиюни парлумон розӣ нест. Вакили парлумон аз ҳизби мухолифи Ота-Макон Эркин Олимбеков ҳам Бабановро ба дидорҳои махфӣ бо раисиҷумҳури собиқ Қурмонбек Боқиев ва писари ӯ Максим айбдор кард, гуфта буд, ҳизби ҷумҳурии ноиби сарвазир аз сӯи Максим Боқиев ва ёрони ӯ таъмини молӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG