Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти раиси САҲА бо Эмомалӣ Раҳмон


Раиси САҲА Аудронюс Ажубалис имрӯз бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор ва гуфтугӯ намуд.

Оқои Раҳмон ҳини дидор бо ҷаноби Аудронюс Ажубалис, ки ҳамзамон вазири умури хориҷии Литва низ мебошад таъкид кард, ки “Тоҷикистон пайваста кўшиш ба харҷ медиҳад, то доираи ҳамкориро бо кишварҳои аъзо ва ниҳодҳои САҲА васеъ гардонад.”

Ҷаноби Аудронюс Ажубалис ҳам баён доштааст, ки «Тоҷикистон шарики хеле муҳими САҲА мебошад ва дар ин ҷо ҷойгир шудани калонтарин Дафтари (Бюрои) созмон ва ҳам шумораи аз ҳамаи зиёди кормандони он далели ин гуфта аст.”

Ҳамзамон ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистон ва САҲА дар бахшҳои сиёсиву низомӣ, иқтисодиву экологӣ ва гуманитарӣ қатоатмандии худро баён намудаанд.

Дар ҷараёни мулоқоти оқои Раҳмон бо раҳбари САҲА инчунин бар зарурати ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва тақвияти сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон таъкид шудааст.

Ҳамзамон масоили обии минтақаи Осиёи Миёна, ки метавонад мунҷар ба баҳсҳои минтақавӣ миёни кишварҳо шавад, аз мавзӯъҳои дигари гуфтугӯи ҷонибайн будааст. Оқои Ажубалис изҳор доштааст, ки кишварҳои минтақа дар ин амр метавонанд аз имконоти САҲА истифода баранд.

Дар мулоқот доир ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳким ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Литва низ гуфтугӯҳо сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG