Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи Ҳейг масъалаи Либияро баррасӣ мекунад


Луис Морено-Окампо
Луис Морено-Окампо
Интизор меравад, додситони кулли додгоҳи байналмилалии Ҳейг имрӯз ҳукми ҳабси 3 мақоми Либияро дархост кунад. Луис Морено-Окампо ин 3 танро масъули қатлу таъқиби мардуми мулкӣ номида, гуфтааст, шавоҳиди доштаашро имрӯз ба сегонаи қозиёни додгоҳи Ҳейг хоҳад супурд. Тасмими судури ҳукми байналмилалии боздошти ин мақомҳои Либияро ҳамин қозиён хоҳанд гирифт. Дипломатҳо интизор доранд, ки яке аз ин 3 нафар худи ҳокими Либия Муаммар Қаззофист.
XS
SM
MD
LG