Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI аз Эрон тағйири ҳукми кӯр карданро хост


Созмони Афви Байнулмилал аз мақомоти эронӣ хост, мардеро, ки ба осеби ҷисмонии як зан айбдор шудааст, кӯр накунанд. Ноиби раиси ин созмон барои Ховари Миёна ва Шимоли Африқо, Насиба Ҳоҷӣ Саҳрокӯӣ гуфтааст, «ақл бовар намекунад, ки мақомоти эронӣ як чунин ҷазоро амалӣ хоҳанд кард.» Шаҳрванди Эрон, Маҷид Муваҳҳидӣ маҳкум ба он шудааст, ки ҳарду чашмаш бо рехтани тезоб (кислота) ба онҳо кӯр карда шавад. Муваҳҳидӣ дар соли 2004 ба рӯи зане бо номи Омина Баҳромӣ барои радди пешниҳоди издивоҷ тезоб пошид ва ӯро маҷрӯҳ кард. Бо вуҷуди чанд амали ҷарроҳӣ Баҳромӣ аз чашмони худ маҳрум шуд. Вай аз ҳукми додгоҳ пуштибонӣ кард ва товони ҷароҳати хешро талаб мекунад.
XS
SM
MD
LG