Як ҳайъат ба намояндагӣ аз шӯришиёни Либия имрӯз дар Кохи Сафед бо мақомоти Амрико дидору мулоқот мекунанд. Интизор меравад, ки онҳо аз давлати Амрико бихоҳанд, шӯришиёнро ба ҳайси намояндаҳои мардуми Либия эътироф ва дар муборизаашон алайҳи Муаммар Қаззофӣ кӯмак кунад. Як рӯз пеш аз ин Мустафо Абдул Ҷалил, раҳбари Шӯрои муваққатии шӯришмиёни Либия бо Дейвид Кемерон, нахуствазири Бритониё дар шаҳри Ландан мулоқот кард ва аз ӯ ваъдаи кӯмакҳои бештар гирифт. Шӯришиёни Либия аз Созмони Милал хостаанд, то шӯрои онҳоро ба ҳайси ҳукумати қонунии Либия ба расмият шинохта ва бахше аз “миллиардҳо” доллари масдудшудаи ҳукумати Либияро ба онҳо бидиҳанд. Шӯришиёни Либия, ки се соҳ боз алайҳи ҳукумати Қаззофӣ меҷанганд, шаҳри Бенғозӣ ва шарқи кишварро дар ихтиёр доранд, аммо дар ҷанг алайҳи нерӯҳои Қаззофӣ, ки шаҳри Троблус ва ғарби Либияро дар даст доранд, пешравии чандоне накардаанд.