Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъракаи зидди арӯсрабоӣ дар Қирғизистон


Гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар дар Қирғизистон мехоҳанд рӯзи 18 май дар Иссиқкӯл бо ҳадафи маҳкум кардани арӯсрабоӣ як нишасти вижа ташкил диҳанд. Банур Абдиева, раҳбари як эътилофи ҳомии ҳуқуқи занони қирғиз гуфт, дар соли ҷорӣ ду ҷавонзан – Венера Қосималиева ва Нурзот Холиқова – дар пайи дуздӣ шудану иҷборан издивоҷ кардан бо мардони рабоянда худкушӣ кардаанд. Арӯсрабоӣ дар бархе қисматҳои Осиёи Марказӣ як анъанаи қадимист, вале бештар дар Қирғизистон мушоҳида мешавад. Дар замони шӯравӣ арӯсрабоӣ шадидан муҷозот мешуд, вале баъди мустақил шудани Қирғизистон дубора роиҷ шуд.
XS
SM
MD
LG