Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Убайдуллоев ба пойин бурдани нархҳо


Шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев дар як ҷаласаи вижа аз соҳибкорон даъват кард, то нархи гӯшту ордро боло набаранд. Убайдуллоев аз ҷумла нархи як кило гӯшти говро 23 сомонӣ пешниҳод кардааст. Ин дар ҳолест, ки нархи як кило гӯшт дар бозорҳои Душанбе ба 27 сомонӣ расида, нархи як халта орд болиғ аз 150 сомонӣ шудааст. Афзоиши нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ба дунболи боло рафтани қимати маводи сӯхт ва қурби асъори хориҷист.
Тоҷикистон 60 дарсади маҳсулоти ғизоии лозимашро аз хориҷ ворид мекунад.
XS
SM
MD
LG