Пайвандҳои дастрасӣ

Хабарҳо

Муовини вазири хориҷии Эрон аз Тоҷикистон боздид мекунад

Бино ба хабари CA-NEWS, Муҳаммад Шайбонӣ-муовини вазири корҳои хориҷии Эрон аз Тоҷикистон боздид ва дар ҷараёни ин боздид вай бо мақомоти Тоҷикистон дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунад. Дар бораи баномаи мулоқотҳои вай хабар дода намешавад. Эрон яке аз тарафҳои муҳими тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад. Соли 2010 мизони доду гирифти колои ин ду кишвар бештар аз 201 миллион долларро ташкил дод.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

"Шояд созишномаи сулҳ миёни Амрико ва Толибон то охири моҳ имзо шавад"

Суҳайл Шоҳин, сухангӯи Дафтари сиёсии Толибон дар Қатар

Як мақоми Толибон гуфтааст, ки ин гурӯҳ ба имзои созишнома миёни онҳо ва Амрико то охири моҳи январ умедвор аст.

Суҳайл Шоҳин, сухангӯи Дафтари сиёсии Толибон дар Қатар ба як нашрияи покистонӣ гуфтааст, "Толибон розӣ шудаанд, ки дар ростои имзои эҳтимолии созишнома амалиёташонро дар Афғонистон коҳиш диҳанд".

Суҳайл Шоҳин аз ин пеш, рӯзи 16-уми январ гуфта буд, ки Толибон бо Залмай Халилзод, фиристодаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон дар бораи ниҳоӣ шудани созишнома машварат мекунанд.

Намояндаи Амрико ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтааст.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон гуфтааст, ки оташбас ягона роҳи расидан ба сулҳ аст.

Дар Афғонистон солҳо боз гурӯҳи Толибон бо ҳукумати ин кишвар дар ҷанг аст. Амрико талош дорад, аз роҳи музокира ин гурӯҳро ба сулҳ моил кунад.

The Insider 600 миллион рубл дороии Вазири хориҷии Русияро пайдо кард

Сергей Лавров, Вазири корҳои хориҷии Русия

Нашрияи The Insider навиштааст, ки Сергей Лавров, иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Русия дар ҳаҷми 600 миллион рубл дороӣ дорад. Ин дороиҳо ба маротиб аз маоши солонаи ӯ болотар аст.

Нашрия навиштааст, ки агар ин дороиро бо нархи бозор харида бошад, ба он маоши 120 солаи вазир басандагӣ намекунад.

Лавров 16 сол боз Вазири корҳои хориҷии Русия аст. Ба навиштаи The Insider, ин мансабдор дар ноҳияи канори Маскав манзили сеошёна дар масоҳати 499 метри мураббаъ дорад. Ин манзил дар гузашта истироҳатгоҳи давлатӣ будааст. Нашрия гуфтааст, ин хона эҳтимолан 300 миллион рубл арзиш дорад.

Дар маркази Маскав низ нашрия манзили мутаалиқ ба Лавровро пайдо кардааст, ки 300 миллион рубл нархгузорӣ мешавад.

Ҳанӯз Лавров инро шарҳ надодааст.

Лавров пас аз истеъфои ҳукумат дар Русия ҳоло иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии ин кишвар аст.

Канада ба наздикони 138 мусофири ҳавопаймои сарнагуншуда дар Эрон кӯмак мекунад

Ҷастин Трюдо, сарвазири Канада

Ҷастин Трюдо, сарвазири Канада мегӯяд, ба хонаводаи 57 шаҳрванди Канада ва 29 нафаре, ки ҳақи иқомати доимии ин кишварро доштанд ва ҳафтаи гузашта ҳангоми сарнагун шудани ҳавопаймои украинӣ дар Эрон ҳалок гардиданд, кӯмаки фаврӣ мерасонад.

Трюдо 17-уми январ гуфт, ҳукумати Канада ба ҳар як хонавода беш аз 19 ҳазор доллари амрикоӣ пардохт мекунад, вале ӯ ҳамзамон интизори пардохти ҷуброн ба ин хонаводаҳо аз ҷониби Эрон мебошад.

Ӯ гуфт, маблағе, ки ҳукумати Канада мепардозад, ба хотири сафари наздикони қурбониёни ҳодиса ба Эрон ва анҷоми маросими дафни ҳалокшудаҳо ҳаст.

Ӯ гуфт, Теҳрон бояд зудтар ҷуброн пардозад, чун хонаводаҳои қурбониён ба кӯмак ниёз доранд.

“Онҳо ҳафтаҳо интизор буда наметавонанд. Онҳо ҳоло ба дастгирӣ ниёз доранд”,--гуфт ӯ.

8-уми январ ҳавопаймои украинӣ бо 176 мусофир пас аз чанд дақиқаи парвоз аз фурудгоҳи Теҳрон суқут кард. Мақомоти Эрон сабаби суқутро дар аввал “техникӣ” гуфтанд, вале баъдтар иқрор шуданд, ки ҳавопайморо ҳамлаи иштибоҳии мушакӣ сарнагун кардааст.

Сарвазири Канада мегӯяд, сарнагунии ҳавопаймо “фоҷеаи Канада” аст, зеро 138 мусофири он ба Канада парвоз доштанд.

Дар ҳавопаймо шаҳрвандони Эрон, Афғонистон, Украина, Шветсия, Бритониё ва Олмон низ буданд.

Музокироти Толибон ва ҳайати Амрико барои хотимаи ҷанг

Як узви собиқи Толибон, ки аз сафи онҳо гурехтааст. Акс аз рӯзи 4-уми декабри соли 2019

Як намояндаи Толибон мегӯяд, ки рӯзи дуввуми ҷаласаҳои гурӯҳҳои музокиракунандаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо сарварии Залмай Халилзод дар Қатар баргузор шудааст. Суҳайл Шоҳин сухангӯи Толибон рӯзи 17 -уми январ дар Твиттер навишт: "Ҳарду гурӯҳи музокиракунанда дирӯз ва имрӯз гуфтугӯҳои судманд доштаанд. Гуфтугӯҳо чанд рӯз давом хоҳанд ёфт."

Ӯ афзудааст, ки гуфтугӯҳо муфид буданд. Мақомоти Амрико ин хабарро шарҳ надодаанд. Аммо хабаргузории Ройтерс бо такя ба ду сарчашма гуфт, ки агар дар Доҳа миёни Толибон ва гуруҳи гуфтугӯкунандаи Амрикоиҳо созиш ба даст ояд, Толибон бо нерӯҳои ИМА оташбаси 10-рӯза эълон мекунанд, ҳамла ба нерӯҳои афғонро коҳиш медиҳанд ва бо ҳукумати Афғонистон гуфтугӯ мекунанд. Таҳлилгарон мегӯянд, ки агар созиш ба даст ояд, метавонад, умедҳо барои хотимаи ҷанг дар Афғонистонро зинда кунад.

Артиши ИМА аз муолиҷаи 11 сарбоз пас аз ҳамлаи мушакии Эрон хабар дод

Фармондеҳии марказии Амрико рӯзи панҷшанбеи 16-уми январ эълон кард, ки дар пайи ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи низомии "Айн-ул-Асад" дар Ироқ, 11 сарбози амрикоӣ таҳти муолиҷа қарор гирифтаанд. Капитан Бил Урбан, сухангӯйи Ситоди марказии нерӯҳои ИМА рӯзи 16-уми январ дар бораи муолиҷаи сарбозон иттилоъ дод.

Бил Урбан гуфтааст, дар ҳоле, ки ҳеҷ сарбози амрикоӣ дар ҳамлаи рӯзи 8-уми январ кушта нашуд, аммо шуморе аз онҳо бинобар нишонаҳои зарбаи мағзӣ зери муолиҷа қарор гирифтанд ва табобати онҳо идома дорад". Ин сухангӯи низомии Амрико дар идома гуфтааст, "дар ростои гирифтани чораҳои эҳтиётӣ, шуморе аз ин нерӯҳо барои муоинаи бештар ба маркази дармонии Амрико дар Олмон ё Кувейт мунтақил шуданд.

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфта буд, ки бар асари ҳамлаи 8-уми январ ба пойгоҳи Ал-Асади Ироқ ягон низомии амрикоӣ осебе надидааст ва зарари расонидаи мушакҳои Эрон хурд ва ё минималӣ мебошад.

Сипоҳи посдорони Эрон бомдоди чаҳоршанбеи 8-уми январ эълом кард, ки дар интиқом ба қатли фармондеҳи нерӯи "Қудс" Қосим Сулаймонӣ, ки 3-юми январ бо дастури Доналд Трамп дар Бағдод кушта шуд, ба ду пойгоҳи низомии мавриди истифодаи Амрико дар Ироқ, ҳамла кард. Мақомоти амрикоӣ таъйид карданд, ки беш аз 12 мушак ба пойгоҳи Айн-ул-Асад ва як пойгоҳи дигар дар Арбили Курдистони Ироқ, партоб шудааст.

Лавров дар Тошканд бо мақомоти узбек мулоқот кард

Рӯзи 16-уми январ дар шаҳри Тошканд вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва вазири корҳои хориҷаи ин кишвар Абдулазиз Комилов дидору гуфтугӯ дошт.

Дафтари муатботи президенти Узбекистон менависад, ки Лавров ва Мирзиёев таҳкими равобити Тошканду Маскавро баррасӣ карданд. Ба қавли дафтари матбуот президенти Узбекистон, Мирзиёев иброз доштааст, ки ӯ аз вусъати равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои стратегӣ ду кишвар қаноатманд аст.

Лавров паёми президент Владимир Путинро ба роҳбари Узбекистон расонидааст. Ба қавли дафтари матбуоти президенти Узбекистон дар мулоқот масъалаи боздидҳои раҳбарони баландпояии ду кишвар матраҳ шуд. Қабл аз Тошканд, Лавров аз Шри -Ланка ва Ҳиндустон дидан карда буд.

Нигаронии хонаводаҳо дар Узбекистон аз гаронии доруҳои зидди гепатити А

Давоми чанд моҳи охир дар Ҷиззахи Узбекистон қимати доруҳои зидди гепатити А 30% боло рафта ва дар ҳоли гароншавӣ аст. Ин гароншавӣ нигаронии хонаводаҳои камбизоатро ба бор овардааст.

Иномҷон Муллоев, як сокини ноҳияи Заамини вилояти Ҷиззах аз гаронии ваксинаҳо изҳори нигаронӣ кард.

"Барои ҳар кӯдак бояд 20 долларӣ пардохт кунем. Мегӯянд, ки агар кӯдакони синни мактабӣ ваксинаи зидди гепатити А нагирифта бошанд, ба мактаб қабул намешаванд. Мегӯянд, ваксина гирифтан ҳатмӣ аст. Аммо хонаводаҳои камбизоате мисли мо чи кор бояд кунанд? Ман се фарзанд дорам ва 60 доллар бояд пардозам. Ин маблағро аз куҷо пайдо кунам?", - мегӯяд Иномҷон Муллоев.

Табибон ва мақомоти маҳаллӣ гаронии ваксинаро тасдиқ карданд, аммо гуфтанд, ки ваксингирӣ ихтиёрист, на маҷбурӣ.

Қазоқистон аз истирдоди як қазоқтабор ба Чин худдорӣ кард

Додгоҳе дар Қазоқистон рӯзи 16 январ Тлек Таборак, қазоқтабори Чинро, ки дар Қазоқистон дар "убури ғайриқонунии марз" айбдор мешавад, шаш моҳ зиндонӣ кард.

Додгоҳ муҳлати адои ҷазои ӯро аз замони боздошт - 22 октябри соли 2019 ба ҳисоб ва ҳар рӯзи дар боздоштгоҳи муваққат нигаҳдорӣ шудани ӯро 2 рӯз эътироф кард. Ба ин тартиб, қазоқтабори Чин аз толори додгоҳ озод шуд. Тлек Таборак замони аз додгоҳ берун шудан гуфт, аз ҳукми додгоҳ "бениҳоят хушҳол аст".

Айбдоркунандаи давлатӣ пештар аз ин хоста буд, ки Таборак аз кишвар ихроҷ шавад. Таборак аз додгоҳ хост, ки ӯро ба Чин ихроҷ накунад, зеро ӯро дар Чин шиканҷа ва муҷозоти сангин хоҳанд кард.

Таборак мегӯяд, вай ҳамроҳ бо падару модараш дар соли 2016 ба Қазоқистон омад ва ҳаққи истиқомат дар ин кишварро пайдо кард. Дар соли 2017 вай барои таҳсил ба Чин рафт, аммо мақомоти Чин шиносномаи ӯро мусодира карданд ва вай амалан натавонист, ки қонунан ба Қазоқистон баргардад. Бино бар ин, марзшиканӣ кард ва назди волидонаш баргашт.

Давоми ду соли охир мақомоти Қазоқистон наздики даҳ тан аз қазоқтаборони Чинро ба ҷавобгарӣ ҷалб карданд, ки ба далелҳои амниятӣ аз Чин ба Қазоқистон фирор карда буданд.

Манъи истифодаи телефони мобилӣ дар мактабҳои Туркманистон

Дар мактбаҳои Туркманистон истифодаи телефони мобилиро ҳам барои хонандагон ва ҳам барои омӯзгорон манъ карданд.

Дар шаҳрҳо ва вилоятҳои Туркманистон имрӯзҳо маҷлиси волидони хонандагон баргузор мешавад. Дар ин маҷлисҳо волидонро огоҳӣ медиҳанд, ки овардани телефони мобилӣ ба мактаб барои хонандагон аз ин ба баъд қатъиян манъ карда мешавад.

"Роҳбарони синфҳо ба волидон мефаҳмонанд, ки дар кишвар фармон дар бораи манъи овардан ва истифода кардани телефони мобилӣ дар мактбаҳо ба иҷро даромадааст. Омӯзгорон шарҳ намедиҳанд, ки ин чи гуна фармон аст. Онҳо ҳамчунин бо мисолҳои зиёде талош мекунанд, фаҳмонанд, ки телефони мобилӣ чи зарарҳо дорад",-хабар дод як сокини Туркманистон.

Дар яке аз ҷаласаҳо рӯзи 15-уми январ дар яке аз мактабҳои шаҳри Туркманобод омӯзгорон нақл карданд, ки чӣ гуна хонандагон дар телефони мобилӣ филмҳои шаҳвонӣ тамошо мекарданд.

"Омӯзгорон ҳамчунин нақл мекунанд, ки чӣ гуна бархе аз хонандагон бархӯрди омӯзгорон бо хонандагонро дар телефонҳои мобилӣ пинҳонӣ сабт ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мекунанд. Аз ҳамин хотир ба таври қатъӣ истифодаи телефонҳои ҳушманд дар мактабҳо манъ мешавад. Дар ҳамин ҳол, омӯзгорон ба волидон тавсия доданд, ки ба фарзандони худ телефонҳои оддӣ харидорӣ кунанд",-гуфт сокини дигари Туркманистон.

Таъсиси марказҳои хос барои қурбониёни хушунат дар Қирғизистон

Дар шаҳрҳои Бишкек ва Ӯши Қирғизистон рӯзҳои наздик ду маркази буҳрон таъсис хоҳад шуд. Дар ин бора 16-уми январ муовини сарвазири Қирғизистон Олтиной Омурбекова хабар дод.

Ба огаҳии ҳукумати Қирғизистон, Омурбекова аз куштори ду зан тавассути ҳамсаронашон ёдоварӣ карда, гуфтааст, барои ҳалли мушкили хушунати хонаводагӣ дахолати институтҳои давлатӣ ва ҷомеа зарур аст.

"Бо назардошти аҳамияти мавзуъ аз додситониҳои кишвар даъват мекунам, ки ҳар як ҳолати хушунати хонаводагиро зери назорати махсус қарор дода, иҷрои қонунҳоро ҷиддан назорат кунанд",-афзудааст ӯ.

Ба гуфтаи Омурбекова, дар шаҳрҳои Бишкеку Ӯш марказҳои буҳрон ва дар тамоми шаҳру ноҳияҳои дигари Қирғизистон кумитаи пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ таъсис дода хоҳад шуд. Ба ҳайати кумитаҳо намояндагони мақомоти маҳаллӣ, созмонҳои диниву ғайридавлатӣ ва фаъолони дигари ҷомеа шомил хоҳанд шуд.

Ба иттилои расмӣ, соли 2019 дар Қирғизистон беш аз 5 ҳазор ҳодисаи хушунати хонаводагӣ, аз ҷумла хушунати ҷисмонӣ, равонӣ ва ҷинсӣ сабт шудааст. Дар мавриди беш аз 580 хушунати сабтшуда тафтишоти қаблӣ шуруъ гардидааст.

Аз оғози соли 2020 дар он кишвар ду ҳолати фавти одамон сабт шуд, ки дар натиҷаи хушунати хонаводагӣ рух додааст. Дар ноҳияи Кочкори Қирғизистон рӯзи 1-уми январ як зан дар пайи латту кӯби шавҳараш фавтид. Рӯзи 3-юми январ дар ноҳияи Бодканд низ як модари 3 фарзанд баъди латту кӯби шавҳараш ба ҳалокат расид.

Рӯзи 4-уми январ дар шаҳри Қароқули вилояти Иссиқкӯл як мард дар сару рӯи ҳамсараш бензин пошида, ӯро оташ задааст. Зани 33-сола айни ҳол дар бемористон бистарӣ аст.

Палатаи ҳисоби ИМА таъхири кӯмак ба Украинаро нақзи қонун гуфт

Кохи Сафед бо ба таъхир андохтани кӯмаки низомӣ ба Украина дар ҳаҷми 214 миллион доллар бидуни огаҳии Конгресс, қонунгузории ИМА-ро нақз кардааст. Дар ин бора Палатаи ҳисоби Амрико хабар дод.

Расонаҳои Амрико моҳи августи соли гузашта хабар доданд, ки президенти ИМА Доналд Трамп дастур додааст, ки кӯмаки низомӣ ба Украина бозбинӣ шавад. Гӯё Трамп мехост, мутмаин шавад, ки пулҳои Амрико самаранок истифода мешаванд.

Миёнаҳои моҳи сентабри соли 2019 Вашингтон кӯмаки молӣ ба Киевро аз сар гирифт. Дертар маълум шуд, ки таъхир дар ҷудо шудани маблағ ба Украина эҳтимол дорад, ба тафтишоти парвандаи дахолат дар интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 рабт дошта бошад.

Демократҳо бар ин назаранд, ки Трамп бо ин роҳ мехост, ба Украина фишор орад, то зидди писари рақиби эҳтимолии сиёсияш Ҷо Байдени демократ тафтишотро оғоз кунад. Ин фарзия боиси оғози раванди изҳори нобоварӣ ба Трамп шуд.

Трамп иддао алайҳи худро рад мекунад.

Рӯҳонӣ гуфт, Эрон урани бештар ғанисозӣ мекунад

Ҳасани Рӯҳонӣ

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, мегӯяд, кишвараш аз созиши ҳастаии соли 2015 бо қудратҳои ҷаҳонӣ дида, урани бештар ғанисозӣ мекунад, зеро Теҳрон оҳиста-оҳиста уҳдадориҳои худро дар доираи ин созишнома коҳиш медиҳад.

Рӯҳонӣ дар суханронии телевизионӣ рӯзи 16-уми январ гуфт: "Фишор ба Эрон афзоиш ёфтааст, аммо мо ҳамчунон пешрафтро идома медиҳем."

Кишвар тамоми маҳдудиятҳоро барои тавлиди урани ғанишуда бардоштааст, ки метавонанд ба сохтани сӯзишвории реактор ва ҳамчунин силоҳи ҳастаӣ истифода шаванд.

Пас аз он ки президент Доналд Трамп соли 2018 ба таври якҷониба аз созиши ҳастаии Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ берун шуд, Эрон дар ҷавоб ба таҳримҳои Амрико шумораву намудҳои сентрифугҳое, ки метавонанд барои ғанисозии уран ва тозагии он ба кор раванд, ҳамаи маҳдудиятҳои асосии худро вайрон кард.

Трамп аз Теҳрон мехоҳад, дар бораи созишномаи наве гуфтугӯ кунад, ки барномаи ҳастаии Эронро пешгирӣ ва барномаи мушакҳои баллистикии онро маҳдуд кунад.

Панҷ ҷонибдори созишнома – Бритониё, Фаронса, Олмон ва ҳамчунин Чину Русия – ваъда додаанд, ки созишро нигоҳ доранд, аммо ҳамроҳони аврупоӣ натавонистанд ба Теҳрон барои фурӯхтани нафти хомаш дар хориҷа роҳе пайдо кунанд ва ин сабаб шуда, ки пули Эрон беқурб шавад.

Ба ҷои Медведев. "Русияи воҳид" аз номзадии Мишустин ҳимоят кард

Ҳизби ҳокими Русия номзади президент Владимир Путинро ба вазифаи сарвазири Русия пуштибонӣ кард.

"Русияи ягона" рӯзи 16-уми январ гуфт, ки он номзадии Михаил Мишустин, сарвари начандон хуб шинохташудаи андозро, ки Путин ба ҷойи Дмитрий Медведев пешниҳод кардааст, “якдилона дастгирӣ” хоҳад кард.

Дмитрий Медведев ва кабинети вай рӯз 15-уми январ, пас аз суханронии ҳарсолаи Путин дар бораи вазъи кишвар, истеъфо доданд.

Владимиир Путин дар суханронии солонаи худ хостори баргузории ҳамапурсӣ дар бораи ислоҳоти Қонуни асосӣ шуд. Ҷобаҷогузории ҳайратовари конститутсионӣ ба Путин, ки ду даҳсола боз дар сари қудрат аст, барои мондан дар он то поёни даври роҳбариаш дар соли 2024 кумак мерасонад.

Сергей Неверов, роҳбари фраксияи порлумонии "Русияи ягона", пеш аз овоздиҳӣ ба Михаил Мишустин, ба хабарнигорон гуфт: "Мо қарор кардем, номзадеро, ки пешвои миллии мо барои сарвазирӣ пешниҳод кардааст, якдилона дастгирӣ намоем.”

"Русияи ягона" аз чаҳор се ҳиссаи курсиҳои палатаи поёнии парлумонро дар ихтиёр дорад. Ин маънои онро дорад, ки дастгирии он бовар медиҳад Мишустин тасдиқ хоҳад шуд.

Мишустини 53-сола аз соли 1998 дар ҳукумат кор кардааст ва аз соли 2010 роҳбари Хадамоти федералии андози Русия мебошад.

Мақомоти қирғиз масъалаи марзро пушти дарҳои баста баррасӣ мекунанд

Жениш Раззоқов, ноиб-сарвазири Қирғизистон дар шаҳри Бодканд ҷаласаи ҳамоҳангсозро дар умури марз баргузор мекунад. Дар ин ҷаласа раиси вилояти Бодканди Қирғизистон Акрам Мадумаров аз вазъи вилоят ҳисобот додааст.

Мадумаров гуфт, ки дар соли 2019 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 14 низоъ бархостааст, ки 11 мавриди он дар ноҳияи Бодканд ва 3 мавриди дигар дар ноҳияи Лайлак рух додааст. Дар ҳашт низоъ аз ҷониби сокинони ду кишвар аз силоҳи оташфишон кор гирифта шудааст. Ҳамчунин сохтмони ғайриқонунӣ дар қитъаҳои мушаххасношуда ба қайд гирифта шудааст.

Ин ҷаласа пушти дарҳои баста баргузор мешавад.

Мақомоти қудратӣ ва интизомии Қирғизистон масоили таъмини амниятӣ ва интизомӣ дар марз, рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят, тақвияти ҳамкориҳои наздимарзӣ, тақвияти корҳои иттилоърасониву тарғибот миёни аҳолӣ дар мавриди гуфтугӯҳо бо ҷониби Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Шаби 9 январ ба 10 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон низои навбатӣ рух дод. Дар ин низоъ сокинон сӯи ҳамдигар сангпартоӣ карданд ва ҳамчунин садои тир шунида шуд. Мақомоти Қирғизистон чаҳор сокини деҳаи Кок-Тошро рӯзи 11 январ бо гумони ангехтани беназмиҳои оммавӣ боздошт карданд.

Узбекистониҳо дар 1 сол ба маблағи $16 млн рақами мошин харидаанд

Дар Узбекистон соли 2019 ба воситаи музоядаи онлайнӣ дар сомонаи "avtoraqam.uzex.uz" беш аз 36 300 рақами давлатии ба истилоҳ "тилоӣ"-и мошин ба маблағи 156,1 миллиард сӯм (зиёда аз $16,3 млн) ба фурӯш рафтааст.

Аз ҳама рақами арзон беш аз 1 миллион сӯм (зиёда аз $100) ва гаронтарин рақам беш аз 91 миллион сӯм ($9,5 ҳазор) фурӯхта шудааст.

Дар ин бора расонаҳои Узбекистон бо истинод ба муовини раиси шӯрои биржаи ин кишвар Ислом Ибрагимов иттилоъ доданд.

Ёдрас мешавем, фурӯши рақамҳои давлатӣ барои мошинҳо дар Узбекистон бори нахуст моҳи сентябри соли 2017 оғоз шуд. Дар се моҳи аввал ба маблағи 21 миллион сӯм рақамҳои давлатӣ фурӯхта шуд.

Қазоқистон интиқоли нафт ба Белорусро баррасӣ мекунад

Вазири энержии Қазоқистон Нурлан Ногаев рӯзи чоршанбе дар ҳошияи ҷаласаи порлумон гуфт, то 20-уми январ бо Белорус дар бораи содироти нафт гуфтугӯ мекунанд. Ба гуфтаи Ногаев, Вазорати энержии Қазоқистон аз номи ширкати давлатии нафту кимиёи Белорус дар ин бора номаеро дарёфт кардааст.

Мақомоти Белорус пас аз гуфтугӯҳои ноком бо Русия дар бораи хариду фурӯши нафт ба Украина, Лаҳистон, Озарбойҷон ва кишварҳои соҳили Балтик дархост фиристодааст. Ширкатҳои нафти Русия дар пайи ихтилофи назари Минску Москва роҷеъ ба тарифҳо интиқоли нафтро ба Белорус аз аввали моҳи январ қатъ кардаанд.

"Мо мулоқот бо истихроҷкунандагони конҳоро баргузор мекунем. Агар ба ширкате нарху манфиатҳои иқтисодӣ писанд омад ва шароит қонеъ кард, интиқол хоҳад дод", - афзуд вазири қазоқ.

Путин раиси Хадамоти андозро ба мақоми сарвазирӣ пешниҳод кард

Президенти Русия Владимир Путин номзадии раиси Хадамоти федеролии андоз Михаил Мишустинро ба мақоми раисии ҳукумати нави ин кишвар ба Думаи давлатӣ пешниҳод кард.

Мишустини 53-сола аз соли 2010 ба ин сӯ раиси Хадамоти федеролии андози Русия аст. Ӯ дар гузашта дар бахши сармоягузорӣ кор карда, як муддат муовини вазир оид ба андоз ва ҷамъоварии он буд.

Маҷаллаи Forbes ҳамсари ӯро бо 160 миллион рубл даромади солона ба рӯйхати сарватмандтарин ҳамсарони мансабдорон шомил кард.

​Ҳукумати Русия 15-уми январ, баъди паёми Путин ба Шӯрои федеролӣ ба истеъфо рафт. Путин дар паёмаш тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Русияро пешниҳод кард, ки низоми сиёсии ин кишварро куллан тағйир хоҳанд дод. Аз ҷумла, хост, салоҳиятҳо ба нафъи порлумон ва Шӯрои давлатӣ, ки ҳоло ҳеч салоҳияти воқеие надоранд, бозтақсим шаванд.

Пешниҳод шуд, ба вакилони Думаи давлатӣ ҳаққи тасдиқи аъзои ҳукумат дода шавад. Ҳамчунин маҳдудияти беш аз ду давра интихоб шудани як шахс ба мақоми президентӣ бекор шуда, ба Шӯрои федеролӣ иҷозат дода шавад, додрасҳои додгоҳҳои конститутсионӣ ва олиро барканору таъйиноти раҳбарони ниҳодҳои қудратиро назорат кунад.

Бозори "Абу Сахий"-ро дар Тошканд тафтиш мекунанд

Мақомоти қудратии Узбекистон сар аз 5-уми январ дар бозори машҳури "Тошкент савдо марказӣ", ки бештар бо номи "Абу Сахий" машҳур аст, тафтиш мегузаронанд.

Мақомоти қудратӣ ва тафтишотӣ дар ин бозор қонуншиканиҳои зиёдеро ошкор кардаанд.

Динара Латипова, як соҳибкори бозор гуфт, ки ӯро дар робита ба як парвандаи се соли пеш бозпурсӣ кардаанд.

Мақомот гуфтаанд, ки нисбати роҳбарияти бозор бо моддаи "Сӯистифода аз мансаб" парванда боз шудааст.

То соли 2017 бозори "Абу Сахий" ба Тимур Тиллоев, шавҳари духтари хурдии президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов рабт дошт. Соли 2017 Тимур Тиллоев бозорро фурӯхт.

Расонаҳои Узбекистон дар соли 2018 хабар доданд, ки будҷаи кишвар дар солҳои 2016-2017 аз ин бозор 53,5 миллион доллар даромад нагирифтааст.

Пажуҳиш: 90% узбекистониҳо зидди қайди ҷои зист ҳастанд

Наздики 90 дарсади сокинони Узбекистон гуфтаанд, ки ҷонибдори бекор кардани ҳамаи навъи маҳдудиятҳои марбут ба қайди ҷои зист ҳастанд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба коршиноси Бонки ҷаҳонӣ Уилям Зейтса хабар доданд.

Бино ба пажуҳиши Бонки ҷаҳонӣ, барои муҳоҷирати дохилӣ дар Узбекистон ду монеаи асосӣ - низоми қайди ҷои зист ва гаронии маҳсулот дар деҳот - мавҷуд аст.

Пажуҳишгарон мегӯянд, танҳо бо бекор кардани низоми қайди ҷои зист имкон надорад, ки шаҳрнишиниро густариш дод. Бояд суръати сохтмони манзилҳои дастрас дар шаҳрҳо афзоиш дода шавад.

Ба иттилои пажуҳишгарон, суръати кунди муҳоҷирати дохилӣ ба рушди истеҳсолот ва шуғли аҳолӣ дар кишвар таъсири манфӣ мерасонад.

Ҳукумати Русия пас аз паёми Путин истеъфо дод

Мулоқоти Путин ва Медведев дар рӯзи 15-уми январ.

Бино ба гузориши расонаҳои Русия, нахуствазир Дмитрий Медведев рӯзи 15-уми январ ба раиси ҷумҳур Владимир Путин аризаи истеъфои ҳукуматро пешниҳод кардааст.

Ба навиштаи хабаргузориҳои русӣ, аз ҷумла РИА Новости, Путин дар бораи таркиби ҳукумати нав тасмим мегирад. Хабаргузории "Интерфакс" навиштааст, ки Владимир Путин ба ҳукумати феълӣ дастур додааст, то замони ташкили ҳукумати нав фаъолиятро идома бидиҳад.

Ба қавли хабаргузорӣ, раиси ҷумҳур Путин қасд дорад мақоми нави муовини дабири Шӯрои амнияти миллиро таъсис диҳад ва Дмитрий Медведевро ба ин мақом пешниҳод кунад.

Худдории шаҳрдории Самарқанд аз тахриби бинои таърихии почта

Бинои таърихии шуъбаи почтаи шаҳри Самарқанди Узбекистон, ки зери ҳимояти ЮНЕСКО қарор дорад, тахриб нахоҳад шуд. Шаҳрдории Самарқанд охирҳои моҳи декабри соли 2019 тасмим гирифтааст, бинои таърихии почтаро, ки соли 1910 бунёд шудааст, тахриб накунад. Дар бораи эҳтимоли тахриби ин бино бахши узбекии Радиои Озодӣ моҳи июли соли 2018 хабар дода буд.

Он замон мақомот гуфта буданд, ки тахриби бино дар асоси қарори раиси вақти шаҳр Фурқат Раҳимов сурат мегирад. Майсара Набераева, як корманди нозироти давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии Самарқанд гуфта буд, тахриби биноҳои зери ҳимояти ЮНЕСКО ба қонун "Дар бораи ҳифз ва истифодаи иншооти мероси ғайримоддӣ" мухолифат дорад.

Бинои почтаи Самарқанд дар минтақае ҷойгир аст, ки ин минтақа зери ҳимояти ЮНЕСКО қарор дорад.

Эътирозгарони Бишкек барканории Ҷениш Раззоқовро талаб доранд

Як гурӯҳ аз сокинони Қирғизистон дар назди бинои порлумон дар шаҳри Бишкек даст ба тазоҳурот зада, ҳалли мушкилиҳои марзӣ ва озодии чаҳор шаҳрвандеро талаб доранд, ки дар натиҷаи низои ахир дар марз бо Тоҷикистон дастгир шудаанд.

Бекназар Айталиев, раиси созмони "Марз" гуфт, тазоҳургарон шаш талаб доранд. "Президент бояд мушкили марзро матраҳ карда, сокинони аз минтақаҳо омадаро ба ҳузур пазирад. Сокинони ғайриқонунӣ боздоштшударо озод, барои ҳимояти сокинони наздимарзӣ гуруҳҳои мардумӣ ташкил, шумори марзбонон ва техникаҳоро дар марз бештар кунад. Ҳамчунин муовини сарвазири Қирғизистон Ҷениш Разоқовро сабукдӯш намояд",-изҳор дошт ӯ.

Шаби 10-уми январ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон низоъ сар зад. Он шаб садои тир шунида шуда, сокинони наздимарзӣ ба сӯи мошинҳои якдигар сангпартоӣ карданд. Ба иттилои мақомоти қудратӣ, чаҳор сокини Қирғизистон ба далели иғвогарӣ боздошт шудаанд.

Сокинони маҳаллӣ рӯзи 11-уми январ то нисфи рӯз роҳи мошингарди Ӯш-Бодканд-Исфанаро баста, раҳоии боздоштшудагонро талаб карданд.

Нафақахӯрони туркман навбат меистанд, то бигӯянд зинда ҳастанд

Дар шаҳри Ишқободи Туркманистон имрӯзҳо навбатпоии тулонии нафақахӯрон дар пушти дари муассисаҳо мушоҳида мешавад, ки бар асоси як қарори нав бояд зинда будани худро дубора тасдиқ кунанд.

"Ман шахсан имрӯз барои аз наздик шинос шудан бо вазъ ба маркази ноҳияи Кападоғ рафтам. Онҷо шумори зиёди калонсолон, маъюбон ва модарон ҳамроҳи фарзандонашон навбат истодаанд",-гуфт хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Ишқобод.

Мансабдорони Туркманистон мегӯянд, ин қарор бо ҳадафи пешгирӣ аз сӯистифодаи нафақаи куҳансолон ва ба хотири он қабул шудааст, ки аъзои хонаводаҳо маблағи марбут ба нафақахӯронро аз худ накунанд.

Дар Туркманистон ҳаҷми ҳадди ақали нафақа наздики 72 доллар муқаррар шудааст.

Тарроҳи машҳур Нариман Григорянро дар Тошканд куштанд

Додситонии кулли Узбекистон ҷузъиёти куштори тарроҳи машҳур Нариман Григорянро дар шаҳри Тошканд расонаӣ кард.

Ба огаҳии додситонӣ, дар бораи марги тарроҳ 14 январ, тақрибан соатҳои 11:50 ба Идораи ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Яшнободи Тошканд хабар дода шудааст.

Ҷасади Григорянро, соли таваллудаш 1985, бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дар утоқи зисташ дар меҳмонсарои воқеъ дар кӯчаи Чигил пайдо кардаанд.

Додситонии Яшнобод дар робита ба ин ҳодиса бо банди "куштори барқасдона" парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Нариман Григорян ягона узви ҳакамони озмуни байналмилалии рақс аз Узбекистон ба ҳисоб мерафт. Ӯ ҳамчун тарроҳу модел маъруф ва муассиси бренди "Nariman Grigoryan" буд.

Танқиди вазъи ҳуқуқи инсон дар Русияву Чину Тоҷикистон

Як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқ гуфт, ки вазъи ҳуқуқи инсон дар Русия дар соли гузашта “ҳамчунон бад” шудааст ва ҳукуматро барои саркӯби дигарандешон танқид кард. Дидбони Ҳуқуқи Башар ва ё Ҳюман Райтс Вотч рӯзи 14-уми январ гуфт, мақомот бо такя ба “истибдод” ва “муҳокимаҳои намоишӣ” дигарандешонро хомӯш кардаанд.

Созмони мазкур, ки дар шаҳри Ню Йорк қароргоҳ дорад, давлати Чинро ҳам барои “ҳамла” ба ҳуқуқи инсон таъкид кард ва гуфт, ки ин кишвар мехоҳад, чунин рафторашро ба дигар кишварҳо ёд бидиҳад. Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳамчунин Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрикоро ба сафи раҳбарони он кишварҳое шомил кардааст, ки зимни пешбурди сиёсати хориҷӣ ба мусоидат ба риояти ҳуқуқи инсон майл надоранд.

Дар гузориши 652 саҳифагии Ҳуқуқи Инсон-2020 вазъ дар 100 кишвари дунё аз ҷумла Тоҷикистон ҳам арзёбӣ шудааст. Дар ин гузориш омадааст, “Вазъи ваҳшатноки ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар соли 2019 бадтар шудааст.” Гузориши комил дар бораи Тоҷикистон ба зудӣ дар вебсайти Радиои Озодӣ нашр мешавад.

Ёфтҳои бештар

Чаро нархи тухми мурғ дар Тоҷикистон гарон шуд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:22 0:00
Гузоришҳои радиоӣ
ПОДКАСТ
Чаро нархи тухми мурғ дар Тоҷикистон гарон шуд?
Гузоришҳои радиоӣ

Гузоришҳои видеоӣ

90 соли парвози «Уқоб»-и санъати тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:53 0:00
XS
SM
MD
LG