Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркозӣ: Сандуқи мубориза бо маводи мухаддир ташкил шавад


Никола Саркозӣ
Никола Саркозӣ
Никола Саркозӣ-раиси ҷумҳури Фаронса пешниҳод кард, ки зери назари СММ сандуқи байналмилалии мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ташкил шавад. Ба гуфтаи вай, ин ниҳод аз ҳисоби пулҳое фаъолият хоҳад кард, ки аз боздошти маводи мухаддир ба даст меояд. Саркозӣ ин нуктаро дар маросими гушоиши конфронси вазирони кишварҳои Ҷӣ-8 изҳор дошт. Ин конфронс ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ихтисос дошт. Вай аз кишварҳои узв хост, ки ҷамъоварии маълумот ва табодули он миёни ин кишварҳо беҳтар шавад.
XS
SM
MD
LG