Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гелонӣ ҳамдастии Покистон бо Бин Лодинро рад кард


Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон мегӯяд, қатли Усома Бин Лодин дар қаламрави кишвараш, нишондиҳандаи ноӯҳдабароии мақомот ва ё ҳамдастии онҳо бо Бин Лодин нест. Ӯ зимни суханронӣ дар порлумон иддаъоҳо дар ин заминаро рад кард ва гуфт: “Дурӯягист, агар ҳар касе, Покистон ва ниҳодҳои давлатии кишвар, аз ҷумла Хадамоти ҷосусии Покистон ва қуваҳҳои мусаллаҳи онро ба ҳамдастӣ бо Ал-Қоида муттаҳам кунад.“ Юсуф Ризо Гелонӣ гуфт, Покистон ба артиш ва хадамоти ҷосусии кишвараш эътимоди комил дорад, вале афзуд, дастур додааст, то масъалаи бехабарии маъмурони амниятӣ аз ҳузури Бин Лодин дар шаҳри Аббутобод таҳқиқ кунанд. Рӯзе пештар аз ин Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, зоҳиран Усома бин Лодин дар дохили Покистон аз ҳимояти як навъ шабакае бархудор будааст, вале мустақиман ҳукумати Покистонро муттаҳам накард. Усома бин Лодин, раҳбари шабакаи терористии Ал-Қоидаро рӯзи дуввуми май дар шаҳри Аббатободи Покистон куштанд.
XS
SM
MD
LG