Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори ҳукумати Миср баъд аз нооромиҳои мазҳабӣ


Баъд аз даргириҳои миёни мусулмонон ва масеҳиҳо дар Қоҳира-пойтахти Миср ҳукумати ин кишвар гуфт, барои таъмини амнияти миллӣ ба истилоҳ “дасти оҳанӣ”-ро истифода хоҳад кард. Дар ин даргириҳо 10 нафар кушта ва даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Абдулазиз-вазири адлия гуфтааст, мақомот бо ононе, ки мехоҳанд ба амнияти миллӣ дахолат кунанд, бо дасти оҳанӣ мубориза мекунад”. Ба гуфтаи мақомот, 190 нафар барои даст доштан дар нооромиҳои мазҳабӣ дар Миср ба додгоҳи низомӣ кашонда мешаванд. Баъд аз барканории режими Ҳуснӣ Муборак 7-ӯми май шадидтарин задухурд рух додааст.
XS
SM
MD
LG