Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти генерали боломақоми НАТО дар Туркия


Дарёсолор Ставридис
Дарёсолор Ставридис
Ҷеймс Ставридис-дарёсолори Амрико ва фармондеҳи боломақоми нируҳои НАТО дар Анкара бо мақомоти расмии Туркия мулоқот кард. Вай дар ин мулоқот бетамоюлии Туркияро баррасӣ кард кишвареро, ки намехоҳад фармондеҳии минтақаи ғайрипарвоз дар Либия дар ихтиёри нируҳои НАТО қарор бигирад. Мулоқоти дарёсолори амрикоӣ бо мақомоти Туркия баъд аз он баргузор шуд, ки Аҳмад Довутуғлу-вазири корҳои хориҷии Туркия гуфт, минтақаи ғайрипарвоз бояд бо дастури Шӯрои Амнияти СММ ҷорӣ шавад ва қатънома бояд барои барканории режими Муаммар Қаззофӣ набошад.
XS
SM
MD
LG