Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёмҳои наврӯзии афроди саршинос


Бештари соҳибназарони тоҷик аз ҷаҳонӣ шудани Наврӯз истиқбол ва ба эҳёи суннатҳои он дар кишвар таъкид карданд.

Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ, академик:

"Наврӯзро барои ҳама табрик мегӯям. Ба некӣ омада бошад. Ба ҳамаи шумо хубиҳо орад.Мо дар Тоҷикистон ҳамеша Наврӯзро бо умедҳо, бо хурсандии тамом пешвоз мегирем. СММ Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон кардааст.

Академик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ
Дар асл Наврӯз ҷашни байналмилалӣ буд. Наврӯз чанд қарн аст, ки хусусияти умумимиллӣ дошт. Чандин миллат, чандин кишвар Наврӯзро ҷашн мегирифтанд. Яъне, на фақат Эрону Афғонистону Тоҷикистон, балки ҳама кишварҳои туркии Осиёи Марказӣ то Балкан низ онро ҷашн мегирифтанд, ид мекарданд. Бо ҳамин ном. Бо номи Наврӯз. Ин номи форсии ҷашн нигоҳ дошта шуда буд.



Имсол расман эътироф шудааст, расман эълон шудааст, ки Наврӯз ҷашни байналмилалист. Созмони милал барои тарғибу ташвиқи ин ҷашн талош мекунад. Ба ин муносибат, ҳамаи эронитаборонро табрик мегӯям.

Замон замони ҷаҳонӣ шудан аст. Як намунаи ҷаҳонӣ шудан ҳамин аст. Мо ҷаҳонӣ мешаваем. Ба ҷаҳон, ба аҳли ҷаҳон мисли Наврӯз як ҷашни бисёр олӣ, ҷашни шодиву хурсандӣ, ҷашни ҳаёти навро ҳадя додем. Илоҳӣ, тамоми мардуми ҷаҳон чунин ҷашн дошта бошад."

Гулрухсори Сафӣ, шоира:

Шоираи маҳбуби тоҷик Гулрухсори Сафӣ
"Наврӯз зи шӯҳрати каён меояд,
Пирест, ки ҳамвора ҷавон меояд.


Наврӯзи мардуми ориёӣ, Наврӯзи ҳазорсолаҳо имсол Наврӯзи ҳамагон шуд.
Наврӯз дар ҷаҳон бо ҳама шукӯҳу бо ҳама суннатҳош ҷашн гирифта мешавад. Ҳатто ба забони озарӣ шунидам, ки мегуфтанд, Наврӯз аз чаҳор чаҳоршанбе иборат аст ва чаҳоршанбеи охирин ҳамон чаҳоршанбе аст, ки воқеан мардум бо Наврӯз худоҳофизӣ мекунанд.



Наврӯзи мо байналмилалӣ аст. Мо имрӯз хушнуд аз онем, ки Наврӯзи мо ҷаҳонӣ шудааст. Чунки ҳар чизе, ки ба вожаи "нав", "new", "новый" вобаста аст, дар дили инсон як эҳсоси хушбахтиро бедор мекунад. Барои чӣ мо ин қадар Наврӯзро ба таври хос истиқбол мекунем?

Барои он ки Наврӯз ҳамчун падидаи нави табиат метавонад ҳама чизҳои кӯҳнаро, ки боис ба ранҷиши хотири мо, боис ба зиштии ҳусни боғҳои мо буд, аз байн бубарад ва заминро гулкорӣ кунад. Дили моро ишқкорӣ кунад. Ҳамаи ин дар Наврӯз ҳаст.

Ҳар кас Наврӯзи худро дорад. Ҳар кас аз Нарвӯз барои худ ҳадяе интизор аст. Воқеан, ман аз таҷрубаи худам мегӯям, ҳар касе, ки дар Наврӯз чизе аз офаридгор хоста бошад, ҳамеша ба муродаш мерасад."

Додихудо Саймуддинов, раиси Кумитаи истилоҳоти Тоҷикистон:

Додихудо Саймуддинов
"Гумон мекунам, мақоми байналмилалии ҷашни Наврӯз фоли нек аст, барои боз ҳам эҳё кардани тамоми суннатҳои наврӯзӣ. Наврӯзро мо бояд омӯзем ва суннатҳои Наврӯзро пойдор кунем ва ба асолати Наврӯз бештару бештар навздик шавем.

Солшумории мо мисли собиқ кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ бар асоси соли нави масеҳӣ буд ва ҳаст. Аммо имрӯз Наврӯз ба паҳлуи ин омад.



Бубинед, мо пештар солшумории яздигурдӣ доштем, солшумории хуршедӣ ва солшумории ҳиҷрӣ доштем. Ин солшумориҳо фаъол ҳастанд. Бино бар он, мо гуфта метавонем, ки ҳарчанд солшумории кунунии мо бар асоси солшумории масеҳӣ аст, ин ба он маъно нест, ки мо аз соли нави худ даст кашида ва онро рад карда бошем. Фикр мекунам, ҳамин суннатҳои наврӯзӣ, ки зинда мешавад, дар паҳлуи солшумории феълӣ, солшумории суннати худамон низ ҷои худро пайдо мекунад."
XS
SM
MD
LG