Пайвандҳои дастрасӣ

Роҳи дахолати байналмилалӣ ба ҷанги Либия боз шуд


Нерӯҳои Либия алайҳи ошӯбгарон бо тӯпхонаву мушакандозҳо ҳамла мекунанд
Шӯрои Амнияти Созмони Милал, бо судури қатъномае роҳро барои дахолати низомӣ ба ҷанг дар Либия боз кард. Рӯзи панҷшанбе аз миёни 15 узви шӯро даҳ кишвар ба тарафдории қатъномаи мазкур раъй доданд. Бар тибқи ин санад, парвози ҳавопаймоҳо дар осмони Либия мамнӯъ аст, ки ҳадаф аз ин поён додан ба ҳамлаҳои нерӯҳои Муаммар Қаззофӣ ба ошӯбгарон аст. Дар қатънома омадааст, барои ҳимояти мардуми осоишта аз ҳамлаҳои нерӯҳои Қаззофӣ “бояд тамоми чораҳои лозим андешида шавад.” Ба гуфтаи дипломатҳо, қатънома роҳро барои ҳамлаи нерӯҳои ба раҳбарии Бритониё, Фаронса ва Амрико ба системи дифоъи зиддимушакии Либия ҳамвор мекунад. Русия, Чин, Бразилия, Ҳинд ва Олмон ба ин қатънома раъйи мумтанеъ додаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG