Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусодираи 65 кило ҳероини қочоқӣ аз Тоҷикистон


Мақомоти расмии Русия мегӯянд, дар як амалиёти вижа аз қочоқи 65 килограм маводи муххадир аз Тоҷикистон ҷилавгирӣ карданд. Хадамоти федеролии гумруки Русия дирӯз эълом кард, ин миқдори бузурги ҳероинро дар дохили меваҷоти воридотӣ пайдо карданд ва панҷ нафар аз аъзои гурӯҳи созмонёфтаи байналмилалӣ бо иттиҳоми қочоқи ҳероин боздошт шудаанд. Хадамоти гумруки Русия мегӯяд, гурӯҳи мазкур маводи мухаддиро аз Тоҷикистон ба Русия аз тариқи қаламрави Қирғизистон ва Қазоқистон ворид мекардааст.
XS
SM
MD
LG