Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бомбгузоре дар Қундуз 36 нафарро кушт


Бар асари ҳамлаи маргталабона дар як маркази сарбозгирӣ дар шаҳри Қундузи Афғонистон 36 нафар кушта шуданд. Бештар аз 40 нафари дигар низ ҷароҳат бардоштаанд. Ба гуфтаи мақомот дар миёни қурбониён, занону кӯдакон низ ҳастанд. Сухангӯи Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт ва Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамларо “нафратовар” хонд. Рӯзи ҷумъа дар ҳамлаи дигари маргталабе, сардори пулиси вилояти Қундуз кушта шуд. Бо роҳ ёфтани Толибон, ин вилояти шимолии Афғонистон тайи чанд соли ахир ноором шудааст.
XS
SM
MD
LG