Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Байден аз азми Молдова ба сӯи Аврупо


Ноиби раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден гуфт, Вошингтон аз азми Молдова ба сӯи Аврупо ҳимоят мекунад. Рӯзи ҷумъа ҳазорон нафар дар кӯчаҳои Кишинёв парчамҳои Амрико дар даст аз Байден гарм истиқбол карданд. Ҷо Байден ба дунболи дидори Русия вориди ин фақиртарин кишвари Аврупо шуд. Ӯ баъд аз мулоқот бо сарвазири Молдова Влад Филат гуфт, Амрико аз масири Молдова пуштибонӣ ва ин кишварро ба ислоҳоти демократӣ даъват мекунад. Байден шоми ҷумъа дар майдони Операи Кишинёв, маҳалли эътирозҳои моҳи апрели соли 2009 алайҳи ҳукумати коммунистии Молдова, низ суханронӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG