Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарор аст боздиди Раҳмон аз Исломобод оғоз шавад


Бино ба гузоришҳои матбуотӣ, қарор аст имрӯз Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон барои боздиди серӯзаи давлатӣ вориди Исломобод-пойтахти Покистон шавад. Тибқи барномаи боздид вай бо Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳур ва бо Юсуф Ризо Гилонӣ-нахуствазири ин кишвар дидор ва дар бораи таҳкими равобити дуҷониба ва ҳамкориҳои бештар гуфтугӯ мекунад. Дар ин сафар раиси ҷумҳури Тоҷикистонро вазирон, намояндагони порламон ва тоҷирон ҳамроҳӣ мекунанд. Интизор меравад, ки дар ин мулоқотҳо масъалаҳои ҳамкории ду ҷониб дар бахши энержӣ низ баррасӣ шавад. Боздиди оқои Раҳмон аз Покистон дар ҳоле сурат мегирад, ки соли 2009 Осиф Алӣ Зардорӣ-раиси ҷумҳур ва соли 2010 Юсуф Ризо Гилонӣ-нахуствазири ин кишвар аз Тоҷикистон боздид карда буданд.
XS
SM
MD
LG