Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки бузурги Амрико ба шифохонаҳои Хатлон


Давлати Амрико дар чаҳорчӯби як барномаи хайрия ба шифохонаҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон 6 миллион доллар кӯмак кардааст. Маросими супурдани ин кӯмак охири ҳамин ҳафта дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо ҳузури Соҳибназар Раҳмонов, муовини вазири беҳдошт ва Кеннет Гросс, сафири Амрико дар Душанбе баргузор шудааст. Ба гуфтаи Кеннет Гросс, дар чаҳорчӯби барномаи ҲОУП, вазорати умури хориҷаи Амрико то кунун ба шифохонаҳои Тоҷикистон дар ҳаҷми бештар аз 21 миллион доллар доруворӣ кӯмак кардааст.
XS
SM
MD
LG