Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими дафни қурбониёни эътирозҳои Баҳрайн


Рӯзи ҷумъа дар маросими дафни ҷанозаи қурбониёни эътирозҳои ахири Баҳрайн ҳазорон нафар ширкат карданд. Онҳо алайҳи ҳукумат шиор мезаданд. Субҳи панҷшанбе дар ҷараёни аз эътирозгарон пок кардани маркази пойтахти Баҳрайн аз сӯи нирӯҳои амниятӣ 4 нафар кушта ва беш аз 200 нафар захмӣ шуданд. Тайи ин эътирозҳо дар маҷмӯъ дастикам 6 нафар ҷон бохтаанд. Эътирозгарон ислоҳоти фарогири сиёсӣ дар ин ҷазираи воқеъ дар халиҷи Форсро талаб мекарданд. 70 дарсади ҷамъияти Баҳрайнро шиъаҳо ташкил медиҳанд, вале ба он як хонаводаи подшоҳони суннӣ ҳукумат меронад. Кишварҳои Ғарб Баҳрайнро, ки мақари артиши панҷуми дарёии Амрикост, даъват кардаанд, ки то дар амри бархӯрд ба эътирозгарон аз хештандорӣ кор бигирад.
XS
SM
MD
LG