“Мусоҳибаи муқаддас”- асари рассоми бузурги давраи Эҳёи Италия Титсиан дар музоядаи Sotheby's ба маблағи 16 миллиону 882 ҳазор доллар фурӯхта шуд. Ин бузургтарин қиматест, ки барои офаридаи Титсиан пардохт мешавад. Бист сол пеш асари дигари ӯ “Венера ва Адонис” бо қимати 13 миллиону 600 ҳазор доллар харидорӣ шуда буд. “Мусоҳибаи муқаддас” соли 1560 офарида шуда, яке аз асарҳои ангуштшумори рассоми бузурги давраи Эҳёст, ки дар коллексияи инфиродӣ боқӣ мондааст. Ба гуфтаи масъулини музояда, ин асар дар таърихи беш аз панҷуним садсолааш ҳамагӣ шаш бор аз даст ба даст гузаштааст.
Зимнан, дар музоядаи ахири Sotheby's мусаввараҳои дигар рассомони бузург ҳам ба фурӯш гузошта шуда буданд ва, аз ҷумла, барои харидории асари Жозеф Верне “Манзараи бошукӯҳи баҳр ва биноҳову киштиҳову одамон” шаш нафар бо ҳам рақобат карданд ва дар натиҷа он бо маблағи рекордии 7 миллиону 26 ҳазор доллар фурӯхта шуд. Қиммати аввалияи ин мусаввараро масъулини музояда 2 миллион доллар муқаррар карда буданд.