Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти ҳузури нерӯҳои артиши Миср дар хиёбонҳо


Ба думболи ғоратгариву харобкориҳои шаби гузашта, ки тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ дар Мисрро олуда кард, артиш имрӯз ҳузури худро дар хиёбонҳои кишвар тақвият дод. Тазоҳуроти бесобиқаи зиддиҳукуматӣ дар Миср, ки дар шаҳрҳои Қоҳира, Искандария ва Суэтс, бисёр бузург буд, ба рӯзи шашуми худ ворид шуд. Сарбозон аввал барои муҳофизати қароргоҳҳои муҳими ҳукуматӣ ба мисли вазорати умури дохилӣ ва телевизиони давлатӣ дар шаҳри Қоҳира сафарбар шуданд. Бино ба гузоришҳо, ҳоло нерӯҳои артиш, ба хотири ҷилавгирӣ аз бенизомӣ, масъулияти маъмурони полисро ҳам иҷро мекунанд, ки онҳо зимни тазоҳурот ғайб заданд. Макотибу бонкҳо, бозори саҳҳом дар Миср баста боқӣ мемонанд. Айни замон маҳаллаҳои маскунии Қоҳира, сокинон гурӯҳҳои довталаб таъсис додаанд, то моликияти мардумро аз ғоратгарон ҳифз кунанд. Бо вуҷуди муқаррароти манъи рафтуомад, ҳазорон нафар имрӯз ҳам дар хиёбонҳои Қоҳира бо талаби истеъфои ҳукумати раиси ҷумҳур Ҳуснӣ Муборак эътироз мекунанд. Ҳуснӣ Муборак, рӯзи шанбе, Умар Сулаймон, раиси хадамоти амниятиро ба ҳайси муовинаш таъйин кард ва мушовиронаш ваъда доданд, ки то се рӯзи дигар ислоҳоти иловагие анҷом хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG