Раисиҷумҳури Миср, Ҳуснӣ Муборак ҳукумати хешро ба истеъфо фиристод, аммо дар бораи истеъфои худ, ки талаби тазоҳуркунандагон аст, чизе нагуфт. Ин изҳороти Муборак дар ҳоле садо медиҳад, ки аз ҳалокати зиёда аз 20 нафар дар даргириҳои полис ва тазоҳуркунандагон дар Қоҳира, Александрия ва Суетс хабар расидааст. Ситоди ҳизби ҳоким сӯзонида шуда, биноҳои телевизиони миллӣ ва Вазорати умури хориҷии Миср дар муҳосираи тазоҳуркунандагон қарор доранд.