Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парлумони Афғонистон имрӯз ҷамъ хоҳад шуд


Ҳайъати ҷадиди Вулусӣ Ҷирга, маҷлиси поёнии парлумони Афғонистон, қарор аст, имрӯз ташкили нахустин иҷлосия кунад.
Раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомид Карзай мехост, оғози кори парлумонро як моҳ ақиб андозад, то додгоҳи вижаи тахаллуфоти интихоботӣ барои баррасии тамоми шикоёти расида пиромуни интихоботи парлумонии моҳи сентябр фурсати кофӣ дошта бошад. Аммо дар пайи фишор аз дохилу хориҷ Карзай маҷбур шуд, ба шурӯъи кори парлумон дар рӯзи 26 январ розӣ шавад.
Сафорати Амрико аз ин иқдом истиқбол кард, вале гуфт, Вошингтон шеваи бархӯрди Карзай ба парлумонро аз наздик пайгирӣ хоҳад кард. Дафтари СММ ин қадиярт намунаи “баҳси солим” байни ниҳодҳои давлатии Афғонистон номид.
Карзай барои расидагӣ ба шикоёти интихоботӣ додгоҳи вижае таъсис додааст, вале мунтақидинаш метарсанд, ки ӯ аз ин додгоҳ ба хотири аз парлумон рӯфтани рақибонаш истифода хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG