Имрӯз дар Душанбе шаҳрванди Тоҷикистон Юсуфҷон Ҳафизов, ки аз ҷониби додгоҳи пойтахт чун “амири созмони мамнуи Ҳизб-ут-Таҳрир дар ҷумҳурӣ” муаррифӣ шудааст, барои маҷмӯи ҷиноятҳо, ба вижа барои раҳбарии ин созмони мамнӯи мазҳабӣ ба мӯҳлати 18 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Юсуфҷон Ҳафизов ҳамчунин аз ҳуқуқи ҳамкорӣ бо созмону аҳзоби сиёсӣ дар қаламрави Тоҷикистон барои чор сол маҳрум карда шудааст.
Муҳаббат Шамсиддинова, додраси Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфт, ҳукми ин шахс дар нимаи дувуми рӯзи ҷумъа дар ҳузури наздикону шоҳидони айбдоршавандаҳо қироат шуд. Ҳамроҳ бо ӯ рӯзи ҷумъа ҳафт нафари дигар, сокинони шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд, Ҳисор, Рӯдакӣ ва Мӯъминобод аз 6 то 17 сол ба зиндон равона шуданд. Ин афрод ба иттиҳоми узвият ва ҳамкорӣ дар созмони мамнӯи Ҳизб-ут-Таҳрир дар соли 2010 боздошт шуда, барои ҷиноятҳои назири барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ ва мазҳабӣ, маҳалгароӣ, даъвати мардум барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти давлат гунаҳкор карда шудаанд. Дар ҳукми қозӣ гуфта шуд, ки Юсуфҷон Ҳафизов бо амри амири кулли созмони Ҳизб-ут-Таҳрир шахсе бо исми Ато Ибни Абдуруштӣ дар қаламрави Тоҷикистон амир таъин шуда буд, вале назар ба шаҳодати наздикони Ҳафизов, ӯ як узви бемақоми ин созмони мамнӯъ будааст.