Human Rights Watch(HRW), як созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи башар, гуфт, ИА бояд ҷиҳати таҳқиқи ҷиноёте, ки сарвазири Косово Ҳошим Тоҷӣ ва гурӯҳи чирикии ӯ дар солҳои 1998-199, замони ҷанг бо Сербистон муттаҳам мешавад, додситони вижа таъйин кунад. Лотте Лехт, мудири бахши аврупоии HRW гуфт, чунин таҳқиқот ба пуштибонии қавӣ аз сӯи давлатҳои Аврупо ва Амрико ниёз дорад.
Гузоришгари Шӯрои Аврупо дар моҳи гузашта Ҳошим Тоҷӣ, фармондеҳи аршади Артиши озодсозии Косово ва дигар фармондеҳони ин гурӯҳро ба одамрабоӣ, куштор ва дигар ҷиноёти ҷангӣ айбдор кард. Давлати Косово аммо ин гузоришро “бӯҳтон” номид ва гуфт, ин иттиҳомот дар гузашта низ таҳқиқ шуда буд, вале таъйид нашуд.