Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар шаробнӯшӣ аз ҳама ақиб мемонад


Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, камтар аз ҳама дар ҷаҳон сокинони Тоҷикистону Туркия ва Узбакистон машрубот менӯшанд. Бино ба ин омор, ба ҳар сокини болиғи ин кишварҳо дар сол ҳамагӣ 2 литр алкоҳол фурӯхта мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар Эстония ва Чехия, ки “нӯшандатарин” кишварҳои дунё шинохта шудаанд, ба ҳисоби миёна, ҳар нафар дар сол то 14 литр алкоҳол истеъмол мекунад. Қораи Аврупо дар сабқати нӯшонӯш ва ҳам аз лиҳози мизони маризиҳову латхӯриҳои ношӣ аз мастӣ дар ҷаҳон дар мақоми аввал буда, ба ҳисоби Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ба ҳар сокини болиғи Аврупо дар сол 9,24 литр машруб фурӯхта мешавад.
XS
SM
MD
LG