Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъ дар Тунис ҳамчунон пуршиддат боқӣ мемонад


Бо гузашти чанд рӯз аз барканории раиси ҷумҳур Зайнулобиддин Бин Алӣ, ки баъди 23 соли ҳукмронӣ аз Тунис фирор кард, вазъ дар ин кишвар ҳамчунон пуршиддат боқӣ мемонад. Дирӯз нерӯҳои махсуси Тунис дар назди кохи раиси ҷумҳур дар ҳошияи пойтахт шаҳри Тунис бо нерӯҳои амниятии вафодор ба раиси ҷумҳури собиқ вориди даргирӣ шуданд. Айни ҳол, Муҳаммад Ғанучӣ, нахуствазири Тунис аз тариқи телевизиони давлатӣ гуфт, ки ба эҳтимоли ғолиб, имрӯз ҳайъати ҳукумати ваҳдати миллӣ эълом хоҳад шуд, ки ин ба гуфтаи нахуствазир, “саҳифаи наверо дар таърихи Тунис боз хоҳад кард”.
XS
SM
MD
LG