Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро сафари омӯзгорон ба Эрон ба таъхир афтод?


Вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов мегӯяд, як масъули ин вазоратхонаро барои саҳлангорӣ дар масъалаи фиристодани омӯзгорони алифбои форсӣ, ки қарор буд рӯзи 3-юми январ ба Эрон сафар кунанд, аз вазифа сабукдӯш кардааст.

Абдуҷаббор Раҳмонов баён дошт, Раҷабалӣ Сангов, мудири бахши таҳсилоти байнулмилалии ин вазорат, ки масъули фиристодани беш аз 60 омӯзгори тоҷик ба Эрон буд, ҳангоми таҳияи аснод аз ҳукумати Тоҷикистон иҷозатнома нагирифтааст ва аз ин хотир ҳукумат рафтани омӯзгорон ба Эронро ба таъхир андохтааст.



Вазири маорифи Тоҷикистон гуфт, омӯзгорони тоҷик бояд дар донишгоҳи такмили ихтисоси Теҳрон таҷрибаи худро дар омӯзондани хати форсӣ такмил диҳанд.

Ин дар ҳолест, ки аз парвози омӯзгорони алифбои форсӣ, ки қарор буд рӯзи 3-юми январи соли ҷорӣ ба Эрон сафар анҷом диҳанд, бидуни шарҳи пешакӣ дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ҷилавгирӣ шуда буд.

Бино ба иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон, субҳи ҳамон рӯз барои гусели омӯзгорони тоҷик ба Эрон бо кӯшиши сафорати Эрон дар Тоҷикистон як ҳамоиш баргузор шуд, ки дар он вазири маорифи Тоҷикистон суханронӣ кард ва роҷеъ ба аҳамияти омӯзиши алифбои ниёкон таъкид намуд.

Аммо ҳангоми омодагирӣ ба парвоз дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, аз сафари омӯзгорони алифбои форсӣ ҷилавгирӣ шуд. Он замон аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки роҷеъ ба иллати ҷилавгирӣ аз парвози омӯзгорон иттилое надоранд.
XS
SM
MD
LG