Ширкати «Тоҷиктрансгаз» бо ширкати «Узтраснгаз»-и Узбакистон дар бораи хариди 180 миллион метри мукааб газ тавофуқ кардааст. Саидмаҳмад Шарофидинов-раиси ширкати «Тоҷиктрансгаз» имрӯз дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳар ҳазор метри мукааб гази воридотӣ аз Узбакистон дар соли ҷорӣ, 227 доллар арзиш дорад, ки нисбат ба соли гузашта 27 доллар арзонтар аст. Соли гузашта Тоҷикистон аз Узбакистон 500 миллион метри мукааб газ ворид кард. Ҷаноби Шарофиддинов гуфт, имзои қарордод бад-он маъно нест, ки мардуми Тоҷикистон акнун соҳиби газ мешаванд, зеро барои истифодаи газ бояд аввал пули онро пардохт кард.