Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ходорковский аз мақомот дархости авф нахоҳад кард


Вадим Клюгвант, вакили мудофеъи Михаил Ходорковский, раиси пешини ширкати “ЮКОС”, баъд аз эълони ҳукми додгоҳ гуфт, ки шахси таҳти ҳимояташ аз мақомоти Русия дархости афв нахоҳад кард.
Имрӯз додгоҳи ноҳияи Хамовникии Маскав Михаил Ходорковский ва шарики ӯ Платон Лебедевро аз рӯи парвандаи дуввуми ҷиноӣ ба 13-у нимсолии зиндон маҳкум кард. Ходорковский ва Лебедев дар яғмои 218 миллион тонна нафт ва “шустушӯ”-и 30 миллиард доллар муттаҳам шуданд. Гуфта мешавад, ки бо назардошти ҳукми додгоҳ аз рӯи парвандаи аввал дар соли 2005 онҳо дар маҷмӯъ 14 солиро дар маҳбас сипарӣ хоҳанд кард. Додгоҳ мӯҳлати маҳрумият аз озодии Ходорковский ва Лебедев аз замони боздошт дар соли 2003-ро низ ба инобат гирифт ва аз ин рӯ, мӯҳлати ҳабси онҳо соли 2017 поён хоҳад ёфт.
Вадим Клюгвант ҳамчунин изҳороти муштараки Ходорковский ва Лебедевро қироат кард, ки дар он, аз ҷумла, гуфта шудааст, дар Русия наметавон ба адолати додгоҳӣ аз беадолатиҳои мансабдорон умед баст.
XS
SM
MD
LG