Кормандони милисаи Маскав даҳҳо ширкаткунандагони ҳамоиши пуштибонӣ аз раҳбари пешини ширкати “ЮКОС” Михаил Ходорковский ва ҳамкори ӯ Платон Лебедевро боздошт карданд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, субҳи имрӯз дар канори бинои додгоҳи минтақаи Хамовникӣ тақрибан ҳазор нафар бо шиорҳо ва талабҳои раҳоии Ходорковский Лебедев ҷамъ омаданд.
Дар ҳоле, ки ҳамоиши пуштибонӣ идома дошт, додгоҳ Ходорковский ва Лебедевро дар яғмои нафт муттаҳам кард. Ин дуввумин мурофиаи додгоҳӣ алайҳи ин ду соҳибкори маъруф аст, ки ба гуфтаи мухолифони ҳукумат,, ангезаи сиёсӣ дорад. Ходорковский ва Лебедев, ки аз соли 2003 ба ин сӯ барои напардохтани молиёт ва тақаллуби аснод дар зиндон ба сар мебаранд, ахиран дар ғорати 218 миллион тонна нафт айбдор дониста шуданд. Додситонӣ талаб дорад, ки Ходорковский ва Лебедев барои 14 солӣ маҳкум ба зиндон шуда, дар маҷмӯъ то соли 2017 дар зиндон бимонанд. Эълони ҳукми додгоҳ шояд чанд рӯз идома кунад.