Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Либерман аз Туркия маъзарат хостанӣ нест


Вазири қавмгарои умури хориҷии Исроил талаби Туркия ҷиҳати узрхоҳӣ барои анҷоми амалиёт алайҳи корвони киштиҳои ҳомили кумак ба сарзаминҳои фаластинии навори Ғазаро радд кард. Он амалиёти моҳи май 8 шаҳрванди Туркия ва як табааи низ турктабори Амрикоро кушта ба ҷо гузошта, равобити Туркияву Исроилро хадшадор сохт. Анкара мехост, ки Исроил ба манзури эҳёи равобити дӯстонатар барои он амалиёт узр бихоҳад. Аммо вазири хориҷаи Исроил Авигдор Либерман гуфт, бояд худи Туркия барои “пуштибонӣ аз террор” маъзарат бипурсад. Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу билофосила худро аз ин баёния дур кашида, гуфт, Либерман танҳо аз номи худаш сӯҳбат кардааст.
XS
SM
MD
LG