Дар қаламрваи Афғонистон 8 маҳбуси фирории боздоштгоҳи муваққати Кумитаи Амнияти Миллии Тоҷикистон боздошт шуданд. Змарай Башарӣ-сухангӯи вазорати корҳои дохилии Афғонистон дар як нишасти хабарӣ дар Кобул ба рӯзноманигорон чунин гуфт:
"Дирӯз пулиси мо маштаракан бо амнияти миллии Афғонистон тавонистанд 8 тан аз зиндониёни фирориеро, ки аз зиндони кишвари Тоҷикистон чанде қабл фирор карда буданд, аз вулусволии Дарқади вилояти Тахор дастгир бикунанд".
Змарай Башарӣ гуфт, амлиёти боздошти ин афрод рӯзи гузашта дар вулусволии Дарқади вилояти Тахор анҷом гирифтааст.Ба гуфтаи оқои Башарӣ, дар миёни маҳбусони фирории боздоштшуда 3 нафар шаҳрвандони Афғонистон ва 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Афғонистон ин амлиётро натиҷаи хуби ҳамкориҳои вазорати корҳои дохилаи Афғонистону Тоҷикистон арзёбӣ кард.