Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Р. Зойиров вокунишҳои САҲА ба интихоботро бетаъсир номид


Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Раҳматулло Зойиров дар посух ба гузориши ниҳоии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар бораи интихоботи порлумонии Тоҷикистон гуфтааст, созмони мазкур бояд чораҳои муассири вокуниш ба интихоботҳои ғайридемократӣ ва ношаффофро пайдо кунад. Дирӯз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар муаррифии гузориши хеш гуфт, интихоботи моҳи феврал дар Тоҷикистон ба меъёрҳои умумии демократӣ посухгӯ набудааст. Мақомоти Тоҷикистон ин натиҷагириҳоро рад карданд. Аммо намояндагони аҳзоби мухолиф мегӯянд, ин танқидҳо ба такмил ва беҳбуди равандҳои интихобот мусоидат намекунад.
XS
SM
MD
LG