Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нургалиев имрӯз вориди Душанбе мешавад


Вазири умури дохилаи Русия Рашид Нургалиев имрӯз дар раъси як ҳайъати ин вазорат вориди Душанбе мешавад. Қарор аст, фардо, 6 декабр дар Душанбе ҷаласаи муштараки ҳайъатҳои мушовираи вазоратҳои умури дохилаи Тоҷикистону Русия доир шавад. Душанбеву Маскав чанд сол ба ин сӯ чунин ҷаласаҳои муштарак барпо мекунанд. Интизор меравад, ин бор дар нишасти Душанбе масоили ҳамкории ин ду вазоратхона, аз ҷумла дар соҳоти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва табодули афроди таҳти пайгард мавриди баррасӣ қарор бигирад.
XS
SM
MD
LG