Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев ба дастовардҳои иқтисодӣ таъкид кард


Имрӯз Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия ба ҳар ду маҷлиси порламони Русия паёми солонаи худро ироя кард. Вай дар ин паём бар дастовардҳои иқтисодии кишвараш таъкид кард. Ин паёми раиси ҷумҳури Русия аз тариқи телевизион ба тамоми кишвар ба таври зинда пахш шуд. Вай эътироф кард, ки то ҳол ҳамаи пайомадҳои бӯҳрони сартосарии молӣ рафъ нашудааст:

"Вазъи иқтисодӣ ҳанӯз ҳам печида аст. Ҳамаи пайомадҳои бӯҳрон рафъ нашудааст. Мо онро бояд эътироф кунем. Вале мо ҳамчунон ӯҳдадориҳои иҷтимоии худро бидуни шубҳа иҷро мекунем".

Вале Медведев гуфт, ҳукумати вай тавонистааст, суботи иқтисодиро таъмин ва 4 дарсад рушди солонаро пешгӯӣ кунад.
XS
SM
MD
LG