Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Амрико аз Кореяи ҷанубӣ дифоъ хоҳад кард


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама гуфт, кишвараш аз Кореяи ҷанубӣ дифоъ хоҳад кард. Аммо вақте аз ӯ дар бораи шеваҳои низомӣ суол карданд, аз ташреҳи бештар худдорӣ кард. Ин изҳорот дар ҳолест, ки дирӯз бар асари шиллики тӯпхонаҳои Кореяи шимолӣ ба як ҷазираи баҳсӣ, ки макони пойгоҳҳои низомии Кореяи ҷанубӣ ва шумори каме аз мардуми мулкист, ду сарбоз кушта ва беш аз 10 тан маҷрӯҳ шуданд. Сеул дар посух низ тир кушода, ҳавопаймоҳояшро низ ба фазо баланд кард. Ин иқдоми Пхенян мояи маҳкумиятҳои байналмилалӣ, аз ҷумла аз сӯи дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун шуд. Аммо Чин, пуштибони асосии Кореяи шимолӣ, танҳо бо даъвати тарафҳо ба хештандорӣ иктифо кард.
XS
SM
MD
LG