Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони НАТО бо Медведев музокирот мекунанд


Дар чаҳорчӯби нишасти НАТО дар шаҳри Лиссабон имрӯз музокироти сарони кишварҳои узви Паймон бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев баргузор мешавад. Интизор меравад, ки НАТО ба Русия ширкат дар системи воҳиди зиддиҳамлаи мушакӣ дар Аврупоро пешниҳод намояд. Созиш дар бораи ташкили ин систем рӯзи ҷумъа – рӯзи аввали нишасти НАТО ҳосил шуда буд.
Сарони кишварҳои узви НАТО ҳамчунин доктринаи нави стратегии Паймон барои 10 соли ояндаро пазируфтанд. Зимни муаррифии ин санад Андерс фог Расмуссен, Дабири кулли НАТО, аз ҷумла, гуфт, ки "доктринаи стратегии НАТО дарҳоро барои вуруд ба Паймон ба рӯи ҳама кишварҳои демократии Аврупо, ки мехоҳанд ба меъёрҳои мо мувофиқ бошанд, боз мекунад". Ӯ афзуд, "даҳсолаҳои ахир рушан намоиш доданд, ки густариши НАТО барои паҳнсозии сулҳ, демократия ва шукуфоӣ дар қора кӯмак мекунад".
XS
SM
MD
LG