Фармондеҳи нирӯҳои Амрикову НАТО дар Афғонистон мақомоти Кобулро ҳушдор додааст, ки интиқодҳои ахири раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай аз стротежии Амрико метавонад ба ин талошҳо латмаи ҷиддӣ бизанад. Рӯзномаи “Washington Post “ навишт, ки генерал Девид Петреус аз даъвати Карзай ба “коҳиши амалиёти низомӣ” изҳори “тааҷҷуб ва таассуф” кардааст. Карзай дар як мусоҳибае, ки дирӯз нашр шуд, ҳамчунин гуфт, ки мехоҳад Амрико ҳузурашро коҳиш дода, бахусус амалиётҳои шабона болои манзилҳои мардумро, ки онҳоро, ба ақидаи Карзай, ба сафи чирикиҳо тела медиҳад, бас кунад. Ин баҳси лафзӣ дар пешорӯи баррасии ҷадвали замонии хуруҷи нирӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон дар нишасти сарони паймони НАТО дар Лисабон сурат гирифтааст.