Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 заминларзаи пайиҳам Тоҷикистонро таккон дод


Субҳи душанбе, 15 ноябр, силсилаи заминларзаҳо бистари хоки Тоҷикистонро таккон дод. Маркази зилзиланигории Душанбе 3 заминларзаи пайиҳам бо фосилаи аз 30 то 40 дақиқаро сабт карда, гуфтааст, шиддати заминларзаи аввал, тибқи ҷадвали Рихтер, дар маркази он, 84-километрии ҷанубуғарби пойтахт то 5 балл, дар Роғун 4 балл ва дар Душанбе 2 баллро ташкил дод. Дар бораи кадом хисороти ин офати табиӣ гузориш нашудааст.
XS
SM
MD
LG