Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Танқиди Обама аз шаҳраксозиҳои Исроил


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама имрӯз нақшаи Исроил оид ба бунёди манзилҳои нав барои хонаводаҳои яҳудиҳо дар манотиқи баҳсбарангези Байтулмуқаддаси шарқиро зери тозиёнаи танқид гирифт. Вай зимни як изҳороташ дар Ҷакарта гуфт, ки ин нақшаҳо дар амри азсаргирии музокираҳои сулҳ бо Фаластин манфиатовар нахоҳад буд. Фаластиниҳо гуфтанд, ки нақшаи Исроил оиди бунёди 1300 манзил дар шарқи Байтулмуқаддас музокитори сулҳро ба ҳам мезанад. Иттиҳодияи Аврупо, СММ ва Русия аз пружаи нави хонасозии Исроил изҳори нигаронӣ карданд. Музокираи сулҳ моҳи сентябр аз сар гирифта шуд, аммо бо сабаби шурӯи шаҳраксозиҳои нави Исроил аз як моҳ бештар тӯл накашид. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки ният дорад ин масъаларо бо Нетаняҳу дар Ню-Йорк рӯзи панҷшанбе баррасӣ кунад.
XS
SM
MD
LG