ИА ва Амрико аз руасои ҷумҳуриҳои Хорватияву Сербистон, ки дар иқдоми рамзие ба сӯи оштӣ баъд аз 19 соли ҷанги шаҳрвандӣ аз мардумони худ барои ҷиноёти даврони ҷанг маъзарат хостанд, истиқбол карданд. Иво Йосипович ва Борис Тадич зимни боздиди муштарак аз маҳалли қабри дастаҷамъии қурбониёни ҷанги байни сербҳову хорватҳо дар наздикии Вуковар ҷиноёти даврони ҷангро маҳкум карданд. Як мақоми ИА ин амалро қадами муҳим ба сӯи оштӣ, яке аз арзишҳои ИА, ки Сербистону Хорватия ҳарду узвияти онро меҷӯянд, номид. Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико гуфт, Вошингтон ҳарду раисиҷумҳурро барои таҳрики оштӣ тақдир мекунад.