Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коргарони нассоҷии Эрон эътисоб карданд


Дар устони Мозандарони Эрон тақрибан 750 нафар коргарони корхонаҳои нассоҷӣ даст ба эътисоб задаанд. Бахши "Фардо"-и радиои Озодӣ мегӯяд, ин коргарон то 10 моҳ дастмузди худро нагирифтаанд. Тазоҳуркунандагон дар Қоимшаҳр гуфтаанд, онҳо барои чаҳор моҳ мукофотпулии маъмулии худро дарёфт накардаанд ва илова бар ин се моҳ корхонадорон аслан дастмузди онҳоро пардохт накардаанд. Бо такя ба омори Маҷлиси Эрон коршиносон гуфтаанд, на танҳо коргарони ин бахш наметавонанд дастмузди худро бигиранд, балки 90 дарсади бахши нассоҷии Эрон дар ҳоли суқут қарор дорад.
XS
SM
MD
LG