Омурбек Тикебаев-раиси ҳизби Ата-Мекени Қирғизистон гуфт, ҳизби вай барои ташкили эътилофи порламонӣ ба музокироти ҳизбҳо ҳамроҳ нашудааст. Вай дар мусоҳиба бо бахши қирғизии радиои Озодӣ гуфт, ҳизби вай дар миёни ҳизбҳое, ки ба порламон роҳ ёфтанд, мақоми ахирро ишғол кардааст ва интизор мешавад, ки ҳизбҳои дигар вайро ба музокира даъват кунанд. 10-ӯми октябр дар Қирғизистон интихоботи порламонӣ баргузор шуд ва онро нахустин интихоботи демократӣ дар як ҷумҳурии Осиёи Марказӣ арзёбӣ карданд. Бино ба натиҷаҳои ниҳоии интихобот, ҳизби Ата-Мекен аз120 ҷой дар порламон 18 курсиро ишғол хоҳад кард.