Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама соли оянда ба Покистон сафар хоҳад кард


Кохи Сафед мегӯяд, ки раисиҷумҳури Амрико Барак Обама соли оянда ба Покистон сафар хоҳад кард. Ин нахустин боздиди Обама аз Покистон аз замони нишастанаш ба курсии раҳбарии Амрико хоҳад шуд. Кохи Сафед хабари сафари Обама ба Покистонро дар пайи даъвати нишасти моҳонаи мақомоти амнияти миллӣ дар масъалаи Афғонистону Покистон аз сӯи раисиҷумҳур эълон кард. Кохи Сафед мегӯяд, Обама бо як ҳайъати Покистон ҳам мулоқот карда, гуфтааст, дар роҳи сафари моҳи ояндааш ба қораи Осиё дар Покистон таваққуф намекунад.
XS
SM
MD
LG