Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи мубаллиғи динӣ аз Тоҷикистон


Бино ба хабарҳо, ниҳодҳои амниятии вилояти Бадахшон аз қаламрави Тоҷикистон як шаҳрванди Финландияро бо иттиҳоми нашри адабиёти мамнӯи мазҳабӣ ихроҷ карданд. Хабар ҳокист, ки ин сокини шаҳри Кокколаи Финландия рӯзи 12 октябр ба Хоруғ ба ҳайси як ҷаҳонгард омада, аммо машғули таблиғоти ҷараёни баптистии мазҳаби масеҳӣ шудааст. Аз дохили бору бағоҷи Марко Юхаи финландӣ 300 адад китоби динӣ бо номи “Наҷот” ошкор ва мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG