Додгоҳи Юнон корманди полис Епаминондос Корконеасро бо иттиҳоми куштори як наврас ҳангоми намоишҳои зиддиҳукуматӣ дар Афина ба ҳабси абад маҳкум кард. Як корманди дигари полис бо иттиҳоми ҳамдастӣ дар ин куштор ба 10 соли маҳбас маҳкум шуд. Вакилони дифоъи муҷримон гуфтанд, ки аз болои ҳукми додгоҳ шикоят мебаранд.
Алексис Григоропулоси 15-сола моҳи декбари соли 2008 дар пойтахт дар ҷараёни баҳси гурӯҳи ҷавонон ва кормандони полис ҳадафи тир қарор гирифт. Ҳалокати ӯ боиси эътирозҳои густарда дар шаҳрҳои Юнон гардид, ки тақрибан ду ҳафта идома дошт.
Бар асари таҳдидҳои пайвастаи гурӯҳҳои ифротгаро мурофиаи додгоҳӣ на дар Афина, балки дар шаҳри Амфиса баргузор шуд.