Бино ба иттилои мақомот дар ҷои ҳодиса як автомати калашников ва як туфангча пайдо шудааст. Бозоралӣ валади Эгамбердӣ барои қочоқи маводи мухаддир, нигаҳдории силоҳ ва убури ғайри қонунии марзи давлатӣ ба мӯҳлати тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шуда буд.
Бозоралӣ валади Эгамбердӣ шаҳрванди 41 солаи Афғонистон дар рӯзи 23 август ҳамроҳ бо 24 нафари дигар аз маҳбусон аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон фирор карда буд.
Ба ҳамин тартиб, 15 нафар аз маҳбусони фирорӣ ҳанӯз боздошт нашудаанд ва мавриди таъқиби мақомот қарор доранд.
Эълони ҷоиза барои боздошти маҳбусони фирорӣ
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ахиран эълом дошт, барои маълумоте, ки ба боздошти зиндониёни фирорӣ кӯмак мекунад, ҷоиза хоҳад дод. Гуфта мешавад, маблағи ҷоиза ба аҳамияти маълумот бастагӣ хоҳад дошт.
Дар баёнияҳои қаблии хеш Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон барои боздошти маҳбусони гуреза аз аҳолӣ изҳори сипос карда буд. Гуфта мешавад, дар ҳамаи ин ҳолатҳо маълумоти мардум дар боздошти фирориён нақши асосӣ бозидааст.
Ҳамин тариқ, аз 25 маҳбусе, ки рӯзи 23-юми август баъд аз куштори 5 нозир аз боздоштгоҳи тафтишоти пешакии Кумитаи амнияти миллӣ фирор карда буданд, 7 нафар аз онҳо дастгир ва се нафар ҳам кушта шудааст.
Идомаи ҷустуҷӯи фирориёни дигар
Маҳбусони фирорӣ умдатан касоне буданд, ки барои даст доштан дар нооромиҳои соли гузаштаи шарқи Тоҷикистон аз сӯи Додгоҳи олӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда буданд.
Як ҳафта пас аз фирор Раёсати умури ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон камбудиҳои ҷиддии вазъу шароит ва низоми мавҷуда дар боздоштгоҳи тафтишоти пешакии Кумитаи давлатии амнияти миллиро сабаби асосии фирори 25 зиндонӣ аз ин маҳбас унвон кард.
Рӯзи 2-юми сентябр, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон фармони барканории Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ба имзо расонд. Истеъфои Абдураҳимов 10 рӯз пас аз фирори 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи кумитаи амният рӯзи 23-юми август ба вуқӯъ пайваст. Ба ҷои ӯ Саймумин Ятимов таъин шуд.
Ахиран бархе расонаҳо аз қавли мақомот аз боз шудани парванда алайҳи Қосим Ғаффоров, муовини собиқи Кумитаи амнияти миллӣ хабар доданд, аммо дубора онро ба сурати расмӣ такзиб намуданд.