Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радди хабари ифтитоҳи парванда зидди генерал Ғаффоров


Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабари боз кардани парвандаи ҷиноӣ алайҳи собиқ муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, генерал-майор Қосимҷон Ғаффоровро рад кард. Оҷонс дар номае ба нашрияҳои Тоҷикистон гуфтааст, ин хабар воқеият надорад. Ин дар ҳолест, ки бо истинод ба ниҳоди мазкур хабаргузориҳо рӯзи 1-уми октябр аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ зидди Ғаффоров иттилоъ додаанд. Ғаффоров рӯзи 2 -юми сентябри соли равон ба думболи фирори 25 нафар маҳбус аз боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ дар рӯзи 23 -юми август аз мақомаш барканор шуда буд.
XS
SM
MD
LG